Чемпиони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода пас аз 2 соли муолиҷа дигарбора ба майдони тамрин баргашт

Паҳлавони шинохтаи тоҷик, Чемпиони ҷаҳон оид ба намуди самбо Беҳрӯз Хоҷазода пас аз ду соли муолиҷа ба тамрин оғоз кардааст, то дубора парчамбардори Ватан дар ҷаҳон гардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Яке аз мақсадҳои асосии Беҳрӯз Хоҷазода иштирок дар чемпионати ҷаҳон мебошад. Вале ба хотири тағйири баъзе қоидаҳо дар Федератсияи байналмилалии дзюдо шахсоне метавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок кунанд, ки соҳиби холҳои муайян бошанд. Хушбахтона, дар Гранд Слеми Улан-Батор варзишгарон метавонанд соҳиби холҳои олимпӣ гарданд. Беҳрӯз тӯли ин ду сол мусобиқаҳои байналмилалии дзюдоро пайгирӣ кардааст, то аз усул ва техникаи рақибони худ бехабар набошад.

Ба гуфтаи Беҳрӯз Хоҷазода, феълан таваҷҷуҳи ӯ барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Федератсияи дзюдои кишвар номи ӯро дар барнома ва нақшаҳои таҳиякардааш шомил намудааст. Бинобар ин, ҷиҳати ба даст овардани муваффақият дар майдонҳои берун аз кишвар тамринҳоро ҷиддӣ гирифтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE