Маркази миллии тестӣ: Дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ ИМД-2022 ихтисосҳои сертаваҷҷуҳ муайян гардиданд

Дар соли равон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат бештар ихтисосҳои тиб, ҷамеашиносӣ ва ҳуқуқро интихоб намуданд, иброз намуд ба АМИТ «Ховар» муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвосит Шодиниё.

«Дар марҳилаи асосиии бақайдгирӣ, ки аз 1 март то 30 апрел ҷараён дошт, дар ҷойи аввал таваҷҷуҳ бештар ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум — «Тиб, биология ва варзиш», дар ҷойи дуюм ихтисосҳои 4-ум — «Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ» ва ҷойи сеюм ихтисосҳои 3-юм — «Филология, педагогика ва санъат» равона гардидааст, ки довталабон аз нақшаи пешниҳодгардида бештар ҳуҷҷат супориданд», — афзуд мавсуф.

Ба гуфтаи Абдулвосит Шодиниё, «соли равон шумораи довталабони таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ нисбат ба соли гузашта камтар аст. Шумораи довталабони таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) нисбат ба соли 2021 зиёд мебошад».

Бояд гуфт, ки барои марҳилаи асосии бақайдгирии ба ИМД-2022 дар 34 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 40 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардида буд.

Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҳишмандон ва шахсоне, ки дар марҳилаи асосии натавонистанд ҳуҷҷатҳои худро супоранд, марҳилаи иловагии бақайдгириро ба роҳ монд.

Хоҳишмандоне, ки дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ, ки аз 10 то 30 июн идома меёбад, барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур худро номнавис намоянд.

Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2022, ки тибқи нақшаи қаблӣ танҳо дар шаҳри Душанбе бояд гузаронида мешуд, дар шаҳру ноҳияҳои дигари интихобшуда низ ба роҳ монда мешавад.

Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.

Довталабоне, ки дар марҳилаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд барои ин кор худро аз нав сабти ном кунанд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳилаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои шиносоии пурра ба сомонаи ММТ «www.ntc.tj» муроҷиат намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE