Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун шинос шуданд
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 4 километри он пурра асфалтпӯш карда мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия бо истифодаи техникаҳои соҳавӣ ҷараён дорад. То имрӯз бештар аз як километр роҳ асфалтпӯш карда шуда, кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.
Роҳҳои мошингарди марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмир талаб гардида, ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ нестанд. Бо назардошти ин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳуурии Тоҷикистон роҳҳои автомобилгарди маркази ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш карда мешаванд.
Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки роҳҳои маҳаллӣ пурра навсозӣ гардида, маркази маъмурии ноҳия ободу зебо ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин гардад. Корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёнсоз” иҷро мегарданд. Дар рафти корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар бо ҷойи кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун ба масъулони соҳа ҷиҳати дар сатҳи баланд асфалтпӯш кардани роҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки бояд корҳои роҳсозӣ мутобиқ ба стандарти ҳозира ба иҷро расонда шаванд.
Зеро агар роҳҳо бо сифат бунёд, таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш карда шаванд солҳои тӯлонӣ мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.