Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симо»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 30-майи соли 2022 № 6 ва тибқи Қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Садо ва Симо” ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Конференсияи I-уми ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбии “Садо ва Симо”-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар кори Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷрояи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”, Хонзода Абдураҳмон-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Нилуфар Каримзода-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Ҷурахонзода Ҷумахон-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштанд.
Дар оғоз ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Садо ва Симо”-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нуриддин Саид “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи майи соли 2022” шунида шуд.
Зикр гардид, ки бо дарназардошти ҷашнҳои дарпешистода ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ наќшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Садо ва Симо” барои нимсолаи дуюми соли 2022 барои тасдиќ пешниход гардид.
Дар идомаи кори Конфересияи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Садо ва Симои» оид ба “Интихоби вакилон ба Конференсияи XXXII ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе” пешниҳод гардид.
Дар охири кори Конференсияи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Садо ва Симо”-и кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавқеи сиёсаташонро дар ҷомеа пайдо намудаанд дар вазъияти тантанави шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Садо ва Симо” бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.