Муҳриддин Низомӣ: Дар ДДФСТ ихтисосҳои нави соҳаи журналистика таъсис меёбанд
Зимни нишасти матбуотии худ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Муҳриддин Низомӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар факултаи режиссура, кино ва телевизион кафедраи нав бо номи технологияи кино ва телевизион бо ихтисосҳои “ВЕБ-журналистика”, “РR-робита бо ҷомеа” ва “Кинотелеоператор” таъсис дода мешавад, ки аз соли таҳсили оянда ба қабули донишҷӯён шурӯъ хоҳад кард.
“Барои таъмини техникии таълими ин ихтисосҳо бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишкада аз ҳисоби лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои электронии ахбори омма дар шароити гузариш ба низоми кредитӣ” студияи таълимии телевизион ва радио, лаборатория-аудиторияи танзимгарӣ ва лаборатория-аудиторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ, хитоӣ ва ғайраҳо барои журналистони воситаҳои электронии ахбори омма бо таҷҳизоти навтарин омода карда шудаанд”, – гуфт ректори ДДФСТ.
Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки фаъолияти илмии донишкада асосан дар заминаи илмҳои саъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар донишкада ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ барои гирифтани дараҷаҳои илмии унвонҷӯён, докторантон (доктор PhD) ва докторантон аз рӯйи рамзҳои 6D020400- фарҳангшиносӣ, 6D090600- фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, 6D041600 – санъатшиносӣ (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, хореография), 6D091000 – иттилоотӣ-китобдорӣ ва 6D050400 – журналистика таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Ба иттилои Муҳриддин Низомӣ, дар донишкада 86 нафар донишҷӯи хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. “Дар соли таҳсили 2020 -2021 ба донишкада барои таҳсил 30 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи шартномавӣ ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тариқи бурсия муроҷиат намуда, ба сафи донишҷӯён қабул гардиданд”, – гуфт ректори ДДФСТ.
Инчунин, зикр гардид, ки донишкада бо 28 донишгоҳу донишкадаҳои дигар кишварҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи он ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст. “Аз ҷумла, соли гузашта бо филиали Донишкадаи санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар минтақаи Фарғона – шаҳри Қӯқанд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи ин созишнома, 4 нафар донишҷӯ ба ихтисосҳои режиссёрӣ, режиссёри овоз, санъати театрӣ ва туризм ва 1 нафар ба зинаи магистратура дар ин донишкада дохил гардиданд. Бо сабаби паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва баста шудани сарҳадҳо донишҷӯён тавассути онлайн ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, – гуфт профессор Муҳриддин Низомӣ.
Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма аз студияи таълимии телевизион ва радио, лабораторияи омӯзиши ихтисосии забонҳои хориҷӣ барои журналистон ва лабораторияи танзимгарӣ, ки бо таҷҳизоти навтарин таҷҳизонида шудаанд, дидан намуда, ба фаъолияти амалии донишкада аз наздик шинос шуданд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”