ҶОМИ КФО. «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бар дастаи «Копетдаг»-и Туркманистон ғолиб омад
Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Копетдаг»-и Туркманистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бозии ҷолиб футболбозони шаҳри Хуҷанд ҳунар ва маҳорати хуб нишон дода, бар дастаи футболи «Копетдаг»-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.
Голҳои дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Копетдаг»-и Туркманистонро дар ин бозии ҷолиб Далер Ёдгоров, 3 (0:1), Далер Ёдгоров, 7 (0:2), Бегенч Акмамедов, 58 (1:2) ва Тоҳир Маладустов, 85 (1:3) ба нишон расониданд.
Қобили зикр аст, ки беҳтарин бозингари вохӯрии мазкур Далер Ёдгоров аз дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон интихоб шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар гурӯҳи «F» ҷоизадори медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон дастаи «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон дастаи футболи «Копетдаг» миёни ҳам рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешаванд.
Ғолибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА ба даст меорад.
Ҷоми КФО- 2022
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «F»
Иштирокчиён: «Хуҷанд» (Тоҷикистон ), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).
Даври 1
24 июн (ҷумъа)
19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон )-1:3
Даври 2
27 июн (душанбе)
19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)
Даври 3
30 июн (панҷшанбе)
19:00 —«Хуҷанд» (Тоҷикистон )– «Дордой» (Қирғизистон)
Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.