Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ рушд медиҳанд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /БРСММ/ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи руши сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Мусоҳибон инчунин татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро дар маҳал тавассути барномаи ташаббусҳои сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки раванди рушд арзёбӣ карда, амалисозии онро муҳим донистанд.
Дар мулоқот ҳамзамон паҳлўҳои дигари таҳкими ҳамкорӣ баррасӣ гардид.