Раҳим Стерлинг бизингари нави “Челси” шуд

Ҳуҷумкунандаи дастаи “Манчестер сити” Раҳим Стерлинг ба дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон гузариш кард. Маблағи гузариш  45 млн евроро ташкил медиҳад. Дар ин бора  The Telegraph хабар додааст.

Стерлинги 27 сола аз  соли 2015 дар ҳайати “шаҳриҳо” майдондорӣ мекунад.  Мавсими гузашта футболбози англис дар 47 бозӣ дар ҳайати “Манчестер сити”  ба майдон баромада,  дар ҳисобаш 17 гол ва 9 ирсоли головар дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE