Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар маросими гулчанбаргузории назди «Оташи ҷовидон» дар шаҳри Алмато иштирок намуданд

Субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарияти Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои аъзои Созмон дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди «Оташи ҷовидон»-и маҷмааи ёдгории Шараф иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE