Расман: Эҳсони Панҷшанбе бозигари ҷадиди “Зуб Оҳан”-и Эрон шуд

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе расман бозигари бошгоҳи футболи «Зуб Оҳан» -и Исфаҳони Эрон шуд.

Эҳсони Панҷшанбе аз тими «Навбаҳор» -и Намангон, ки аз соли 2020 инҷониб дар он ҳунарнамоӣ мекард, ба “Зуб Оҳан” бо арзиши 500 000 € гузариш кард.

«Зуб Оҳан» дар мавсими гузашта дар Премйер Лигаи Эрон ҷойи ҳаштумро ишғол карда буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE