Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус
13 апрели соли 2023 дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 ҳосилшударо муҳокима карданд.
Ҷонибҳо аҳамияти рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд.
Аз натиҷаи мулоқот Нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид.
Вохурӣ дар фазои дӯстона сурат гирифт.