Шермуҳаммад Шоҳиён: беш аз 400 нафар барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима баста шуданд

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби судяҳо барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 416 парванда баррасӣ гардида, ба 407 нафар ҷазои ҷарима тадбиқ гардидааст. Дар ин бора имрӯз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони ВАО ибрози назар намуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳо  ва беҳтар намудани фаъолияти  мақоми судӣ судяҳо вазифадор гардидаанд,  ки ҳангоми баррасии парвандаҳо ба кашолкорӣ роҳ надода, барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонун баррасӣ ва таҳия намудани санадҳои судӣ, сари вақт омода гардидани протоколҳои маҷлиси судӣ ва ба тарафҳо супоридани қарорҳои судӣ, инчунин назорати иҷрои қарорҳои судӣ тамоми тадбирҳои бетаъхир андешанд.

Судяҳо вазифадор гардидаанд, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистӣ ва коррупсионӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, инчунин ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат равонагардида корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд ва ҷиҳати ҷамъбасти амалии баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба фарзандхонӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ, парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои меҳнатӣ ва парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҳолатҳои ба худкушӣ расондан ба мақомоти далхдор пешниҳодҳо ирсол намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE