Анушервон Ақназаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард
Дар шаҳри Қустанайи Қазоқистон дар Мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон варзишгари тоҷик Анушервон Ақназаров дар вазни 67кг медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Анушервон Ақназаров дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро, дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд
Мусобиқаи мазкур 13-17 июл ба поси хотири бародарон Урал ва Корган Айтановҳо баргузор карда шуд, ки дар он
беш аз 100 нафар варзишгарон аз давлатҳои Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Полша, Қирғизистон, Узбекистон ва Ироқ иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 варзишгар — Асламҷон Қурбонов (54кг), Абубакр Муродов (60кг), Олимҷон Орифзода (63.5кг), Абдураҳим Ёқубов (63.5кг), Анушервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали биринҷӣ даст ёфтанд.