Дар Тоҷикистон беш аз 180 корхонаву коргоҳ бо фароҳам овардани қариб 4 ҳазор ҷойи кор бунёд шуданд
Дар доираи эълон гардидани Панҷсолаи рушди саноат (2022-2026) дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба беш аз 19 млрд сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 117,3 фоизро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Мавсуф афзуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 137 корхона бо 1296 ҷойи кор ва 47 коргоҳ бо 2501 ҷойи кор, дар маҷмӯъ 184 корхонаву коргоҳ қариб бо 4 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 42 корхона, Хатлон- 43 корхона, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 30 корхона, шаҳри Душанбе- 13 корхона ва дар ВМКБ 9 корхона бунёд гардидаанд.
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар соҳаи саноат зиёда аз 2,4 млрд сомониро ташкил дод.
Бино ба гуфти Вазир, таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 млн сомонӣ зиёд гардидааст.
Зикр шуд, ки корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар ин давра ба маблағи 6,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 122,4 фоиз ва ё 1,2 млрд сомонӣ расонидаанд. Аз ҷумла, соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти и самти соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоизро ташкил дод. Корхонаҳои «Зарафшон», «Ширкати металлургии Анзоб», ҶДММ «ТВЕА», «Душанбе саноати кӯҳӣ» ва «Тиллои тоҷик» нақшаи истеҳсоли маҳсулотро барзиёд иҷро намуданд.