Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ду бозии санҷишии дӯстонаро дар Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дар Узбекистон бозии дуюми дӯстонаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Локомотив»-и Тошканд баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш «Истиқлол» бо дастаи «Навбаҳор»-и Намангон бозӣ карда буд. Вохӯрӣ миёни ин дастаҳо, ки дар шаҳри Намангони Узбекистон баргузор шуд, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом раcида буд. Голҳоро дар ҳайати дастаҳо Диёр Турапов («Навбаҳор») дар дақиқаи 27-ум ва Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум («Истиқлол») аз зарбаи пеналтӣ ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати дастаи «Локомотив»-и Тошканд футболбози тоҷик Манучеҳр Сафаров бозӣ мекунад, ки чанд рӯз пеш ба ин ҳайат шомил шуд.
Футболбозони «Истиқлол» 29 июли соли равон бозии сеюми дӯстонаи худро бо дастаи футболи «Андиҷон»-и Андиҷон анҷом медиҳанд.