7-8 сентябр дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе  расонида мешавад, ки 7-8 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.СомонӣҲ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.

Инчунин дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД мамлакат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE