Дар шашмоҳаи аввал ягон муроҷиат оид ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст

Дар шаш моҳи аввали соли равон ба Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон муроҷиат оид ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Умед Бобозода, «дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ягон муроҷиат оид ба ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта миқдори ин гуна муроҷиатҳо 3 адад буд».

Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иброз дошт, «яке аз омилҳои коҳиш ёфтани содиршавии ҷиноят, аз ҷумла зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон- ин зери назорати ҷиддӣ гирифтани ин масъала аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад».

Зикр карда шуд, ки кӯдакон пайваста зери ҳимоя ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳамчун насли баркамолу пешқадам рушд ёфтани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳайлӣ Қодирӣ, мисоли рӯшани ин гуфтаҳо- ин шоми 25 июли соли равон бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргардонида шудани 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ин иқдом- раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

«Метавон гуфт, ки беҳтарин тадбире, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ҳастанд, амалӣ менамояд- ин  иқдоми ба Ватан баргардонидани онҳост. Ва бояд гуфт, ки марҳилаи мутобиқ шудани онҳо ба муҳити кишвар раванди давомдор буда, аллакай аз ҷониби равоншиносон корҳо амалӣ карда мешаванд. Инчунин баҳри ояндаи дурахшони онҳо нақшаи бисёр хуб аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия карда шудааст, ки 3 марҳиларо дар бар мегирад»,-зикр намуд С. Қодирӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 835 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 60 машварати сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 3000  шаҳрвандон гузаронида ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 6 мурофиаи судӣ таъмин карда шуд.

Инчунин  бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 26 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE