Кумаки Вазорати кишоварзӣ ба “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон”

Дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” кумакҳои моддиву туҳфаҳои Соли навӣ тақдим карда шуд. Дар ин бора аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Санаи 30 декабри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор ташриф оварда, ба хонандагони муассисаи мазкур кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим намуда, ҳамагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE