Душанбе мизбони форумҳои сармоягузории Тоҷикистон-Корея, Кувайт, Русия, Саудӣ ва Британияи Кабир мегардад
Интизор меравад, ки бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии имконияту иқтидорҳои сармоягузории ҷумҳурӣ соли равон дар Душанбе форумҳои сармоягузории Тоҷикистон — Корея, Тоҷикистон — Кувайт, Тоҷикистон – Русия, Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон – Британияи Кабир ва инчунин Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе баргузор шаванд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани форумҳои сармоягузорӣ корҳо оғоз гардидаанд.
Ҳамзамон Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки соли равон дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор гардиданд.
Дар чаҳорчӯби онҳо бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мисри Араб, Шоҳигарии Белгия ва Ҷумҳурии Узбекистон беш аз 90 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии қариб 1,1 миллиард доллар ба мувофиқа расонида шуданд, ки ин ба ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.