Имрӯз дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавад

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз, 4 август, дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини дзюдо оғоз шуда, то 7 август идома меёбад, хабар доданд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 нафар паҳлавонон намояндагӣ менамоянд. Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81кг баромад мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо барои Чемпионати Осиё чунин аст: Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков ҳамроҳ бо Шодмон Ризоев- ҳарду дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов- ҳарду дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳавони маъруф Темур Раҳимов дар вазни +100кг.

Баъди хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ дар рӯзи охири чемпионат рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад. Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал — 700 имтиёз, дуюм — 490 имтиёз ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE