Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии соҳибкорӣ доир мегардад
17-18 август дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми навбатии байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Ҳадафи форум — ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи баландкӯҳи мамлакат ва муаррифии имконияти сармоягузории Бадахшон ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.