Дар Узбекистон барои ташкили шабакаи иҷтимоии миллӣ озмун эълон гардид

Вазорати рушди инноватсионии Узбекистон барои ташкили шабакаи иҷтимоии миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ озмун эълон намуд. Иштирокчиёни озмун барои таҳияи лоиҳа як сол дар ихтиёр доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU.

Дархостҳо барои ширкат дар озмун то 1 октябр қабул карда мешаванд, иттилоъ додааст маркази матбуоти вазорат.

Дар Узбекистон аллакай талошҳо барои эҷоди шабакаи иҷтимоӣ ё мессенҷери худӣ анҷом дода шудаанд. Дар бораи мавҷудияти 38 шабакаи иҷтимоии миллӣ гузориш расида буд, вале онҳо оммавӣ нашуданд. Дар ҳамин ҳол дар кишвар Facebook (манбаи иттилоотии созмоне, ки дар Русия барои ифротгароӣ мамнӯъ аст), «ВКонтакте», «Одноклассники» ва мессенҷери Telegram маъруфанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE