Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон доир шуд

Бахшида ба таҷлили ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 11 то 15 август бори нахуст дар шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон баргузор гардид.

Дар чемпионат 6 давлат аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва кишвари мизбон- Тоҷикистон дар ҳайати 60 нафар варзишгарон иштирок намуда, дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ рақобат намуданд.

Дар бозии финалии Чемпионати минтақавии Осиёи марказӣ оид ба бадминтон аз рӯйи рақобати инфиродӣ миёни ҷавонони то 15-сола ва рақобати ҷуфтӣ миёни бонувони то 17-сола сабқат доир гардид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собирзода, Президенти Конфедератсияи бадминтони Осиё Антон Субаво ва ноиби Президенти Федератсияи ҷаҳонии бадминтон Ҷассем Кансо ба ғолибон ва ҷоизадорон дар намуди фардӣ, ҷуфтӣ ва даставӣ ҷоизаҳо тақдим гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE