Наталия Герман: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад»

«Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад»,-гуфт роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталия Герман зимни мулоқот бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода.

Дар вохӯрӣ масъалаи тақвияти ҳамкории илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию омӯзишӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Наталия Герман барои  пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрхоҳи башарро мебинад.

Наталия Герман оид ба шукӯҳ ва шаҳомати Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об ибрози андеша намуда, гуфт, ки «воқеан ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти обу экология дар ҷаҳон тарафдорони зиёди пайдо намудааст, ки бақайдгирии шумораи рекордии иштирокчиён дар конфронси мазкур тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад. Мо дар раванди Конфронс бори дигар шоҳиди ҳамрайъӣ ва алоқамандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ташаббусҳо гардидем».

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE