Дар Душанбе миёни Тоҷикистон ва Исроил машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд
18 август даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил баргузор гардиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва муовини Мудири кулли Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил Симона Халперин роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исроил 26 марти 1992 барқарор гардидаанд. Исроил истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 эътироф кардааст.
Аз 2 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хиллел таъйин гардидааст.