Тоҷикистон ва Туркия заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳоро муҳокима карданд

23-24 август дар шаҳри Анқара байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ташхис ва такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо машваратҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо номгӯи ягонаи санадҳои байналмилалии дуҷониба ва дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар баррасии якдигар қарор доранд, муҳокима карданд.

Ҳамзамон оид ба дурнамо ва тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар таҳияи шартномаҳои байналмилалии дуҷониба, дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва самти маҳфуздорӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE