Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбанд

12 сентябр дар ҳошияи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Хеваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбоева мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумониро бо мазмуни нав мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки натиҷаҳои дар минтақа бадастомада, бешубҳа, саъю кӯшиши Сарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкорӣ мебошанд. Инчунин дар мулоқот масъалаи истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда  ва зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Дар вохӯрӣ дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва табодули таҷриба байни мақомоти намояндагии маҳаллӣ тавофуқ ҳосил шуд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда, мардумони ду давлат  аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE