Мушоҳидаи ҳамкорон: Нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар Бозори Саховат чӣ гуна аст?
Дар Корхонаи воҳиди давлатии Бозори Саховати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хамарӯза маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузошта шуда, то андозае эхтиёҷоти сокинон таъмин карда мешавад. Ба маълумоти масъулин ба хотири солимии ахолӣ, тамоми маҳсулоти воридотӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронида, сипас ба фурӯш бароварда мешавад.
Имрӯз дар бозори “Саховат” тамоми номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ баҳри ғановатмандии дастурхони мардум ба фурӯш бароварда шуда, бо сифати баланду нархи дастрас пешниходи сокинону меҳмонон мегарадад. Ҳуқуқшиноси Корхонаи воҳиди давлатии “бозори Саховат” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наврӯз Бобоев мегӯяд, ки дар назди бозор ярмарка- фурӯши доимоамалкунандаи маҳсулоти озуқавориро ба роҳ монданд, ки мардуми ин маҳалла маҳсулоти ба худ лозимаро бо нархи нисбатан аз дигар бозорҳо арзон дастрас менамоянд.
Чанде аз харидорон имрӯз аз шароити бозор ва нарху сифати маҳсулоти он изхори қаноатмандӣ намуданд. Ба гуфтаи сокини пойтахт Сафар Акобиров пайваста аз ин бозор харидорӣ намуда, муносибати савдогарон бо мизоҷон хуб буда, нархҳо низ барояшон дастрас мебошанд.
Аз рӯйи мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо бармеоянд¸ ки нарху навои маҳсулоти кишоварзии бозори мазкур на ба ҳамаи мардум дастрас мебошад. Зеро иддае аз харидорони бозор, ки аз баён кардани назари худ дар воситаи сабти овоз худорӣ намуданд, гуфтанд, ки барояшон харидорӣ кардани молу маҳсулоти озуқаворӣ дастрас набуда, наметавонанд, ки ба ҳади лозима аз тамоми он маҳсулотҳо харидорӣ намоянд. Ба ин хотир хостем, назари чанде аз савдогаронро оиди гарон будани нархи маҳсулотҳо пурсон шавем. Тавре савдогари Корхонаи воҳиди давлатии бозори “Саховат”-и Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарнигор Меликова гуфт:
-Бале, қиммат аст, нисбат ба солҳои гузашта. Вале мо аз деҳқонон пурсон шудем, ки чаро маҳсулоти кишоварзиро то ин ҳад гарон ба фурӯш баровардед?! Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки нархи доруҳои минералӣ қиммат шудааст. Мо дигар наметавонем, ки бо нархи арзон ба мизоҷон бифурӯшем-гуфт, Зарнигор Меликова.
Аммо масъулини Корхона воҳиди давлатии Бозори Саховат Наврӯз Бобоев иброз медорад, ки ба хотири фаровонии молу маҳсулот дар бозори мазкур бо беш аз 50 хоҷагидори шаҳру навоҳи вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор шартнома ба имзо расонидаанд. Ба таъкиди ӯ зимнан бозор дорои замини хоҷагии ёрирасон мебошад, ки махсулоти аз он замин ҷамъоваришударо дар рузҳои иду ҷашнҳо тариқи ярмарка-фуруш пешниҳоди мардум мегардонанд.
Ба таъкиди масъулини Корхона воҳиди давлатии бозори Саховат ҳар ҳафта дар бозори мазкур оид ба риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ назоратҳо ба роҳ монда шуда, бехатарии маҳсулот ташхис ва доир ба тозагии гирду атроф корхои амалӣ ба анҷом расонида мешаванд. Корхона ба нақша гирифтааст, ки дар мавсими имсола харчи бештар махсулот захира намуда, фаровонии бозорро дар давраи тирамоху зимистон таъмин намояд.
Парвина Аҳмадзода
“Садои Душанбе”