Пешвои миллат: Тоҷикистонро то соли 2026 дигаргуниҳои куллӣ интизоранд
Тоҷикистонро то соли 2026 дигаргуниҳои куллӣ интизоранд. Боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин бора дирӯз, 25 август Президенти ҶТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими супоридани ҷоизаҳо бахшида ба Рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар иброз доштанд.
Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа имрӯз симои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то дурдасттарин деҳоту маҳалҳои аҳолинишини он хеле обод ва дигаргун шуда, шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.
«Ҳоло раванди ободониву созандагӣ ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон бомаром идома дорад, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — То ин ҷашни бузург боз ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд қомат афрохта, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун мегардад ва барои ҳамватанонамон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад».
Сарвари давлат аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки онҳо ҳамчун шахсиятҳои ташаббускору пешсафи ҷомеа, бояд минбаъд низ саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонии Ватани азизамон ва боз ҳам пешрафта гардонидани давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.