Дар арафаи ҷашни Истиқлолият дар шаҳри Роғун иншооти таъиноташон гуногун ба истифода дода мешавад

Дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун корҳои созандагӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, аҳли ҷамоатчигӣ ба ин ҷашнвора ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд. Ба маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур, дар ин рӯз дар шаҳр чор иншооти таъиноаташон гуногун мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Ҷомеъаи Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат қарор дошта, имрӯзҳо дар доираи ин сана дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои гуногуни илмию амалӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардида истодаанд. Дар доираи ин ҷашнвора ва то 35-солагии Истиклоли давлатии ҶТ дар шаҳри Роғун сохтмони  беш 110-иншоти таъиноаташон гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар аксар аз ин тарҳҳо имрӯзҳо бо маром идома дорад. Ба маълумоти Парвина Мусозода муовини раиси шаҳри мазкур  оид ба соҳаи иҷтимоӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти маҳал дар ин рӯз дар тамоми ҷамоату шаҳраку деҳот, баргузории як қатор чорабиниҳодар назар дошта шудааст.

Ба гуфтаи Раҳмиддин Зайдов-мудири Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрисозии шаҳри Роғун дар руйхати нақшаи иншооти ҷашнии ин шахр, ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ бештар афзалият дода шудааст.

Ба маълумоти масъулин аз ҷамъи иншооти дар доираи ҷашни Истилоли давлатӣ дар шахри Роғун бунёд меёфта, 8 адад аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ, 19 адад аз буҷети махаллию сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти дигар аз ҳисоби соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. Мудири Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Роғун Раҳмиддин Зайдов оид ба раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур изхор дошт.

Дар  раванди корҳои созандагӣ пешравиҳо дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи  шаҳри Роғун имрӯз худ гувоҳи онанд, ки аҳли заҳмат ба истикболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ хамаҷониба омодагӣ гирифта, азм доранд, онро дар  руҳияи баланди ифтихор аз миллату давлат таҷлил намоянд.

Тоҷиддин Сатторзода

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE