Дар ноҳияи Рӯдакӣ 369-иншоотӣ ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолият бунёд мегардад

Имрӯзҳо раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии ноҳияи Рӯдакӣ бо маром идома дошта, аксар биноҳои сохташаванда, ба худ як тарҳи хоси миллиро доранд.  Ба гуфтаи масъулин  тамоми ин лоиҳаҳо таҳти назорати мақомоти маҳал қарор дошта, дар иҷрои он аслан соҳибкорони ноҳия саҳм мегузоранд.

         Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ дар ноҳияи Рудакӣ  буёнди   369-иншооти таиноаташ гуногун дар назар дошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳо имрӯзҳо бо маром пеш мераванд. Ҳабибулло Азизода – муовини раиси ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтании ин иншоот беш аз 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳад омад. Ба боварии ӯ шумораи ин иншоот то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

         Имрӯз дар баъзе аз минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад, ки иншооти нави сохташаванда аз ҷиҳати зоҳирӣ ва меъёрҳои сохтмонӣ ба талаботи рӯз чавобгӯ нестанд. Ба гуфтаи  масъулин дар ноҳияи Рудакӣ  тамоми иншооти имрӯз сохташаванда тарҳояшон дар мувофиқа бо Кумитаи  меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати кишвар қабул гардидаанд-гуфт, Ҳабибулло Азизода муовини Раиси ноҳияи мазкур.                                     

          Дар партави сиёсати ободкоронаи роҳбарияти олии мамлакат  ва дастгирию имтиёзҳои пешниҳодгардида ба ин табақа, соҳибкорони ноҳияи Рӯдакӣ талош доранд, то ҳарчи бештар дар бунёди иншооти хизматрасонию маишӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми муносиб гузоранд. Ҳабибулло Азизода – муовини раиси ноҳияи мазкур мегӯяд, дар ин давра  иҷрои 60 дарсади қисми даромади буҷаи маҳал, маҳз аз ҳисоби соҳибкорони маҳалӣ таъмин гардидааст.

Раванди корҳои ободонӣ дар ҳама ҷабҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Рӯдакӣ худ имрӯз баёнгари он аст, ки аҳли заҳмат талош оранд,  дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ- иқтисодии ноҳия саҳми муносиб гузошта, ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатиро бо дастоварди арзишманди меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Тоҷиддин Сатторзода

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE