«ТОҶИКИСТОНИ БИҲИШТОСОРО БАРОБАРИ ҶОНИ ХУД ДӮСТ ДОРЕМ!». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ даъват намуданд

Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистонро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшуда даъват намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Дар лаҳзаҳои пурифтихори ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ ба ёд овардани роҳи пуршарафи тайкардаи халқамон, зикри дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон ба он хотир аст, ки мо бояд минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошем ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамонро таъмин намоем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Зеро, ба таъкиди Президенти мамлакат, шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ дар дунёи имрӯза, вазъи нобасомони иқтисоди ҷаҳонӣ, норасоии шадиди озуқаворӣ, баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар саросари сайёра, инчунин яроқнокшавии бошитоб ва оғози дигарбораи «ҷанги сард», мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ моро водор менамояд, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва иҷрои нақшаву вазифаҳои дар наздамон қарордошта ҳарчи бештар ва фаъолона саҳм гузорем.

«Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге муяссар шудаем, — иброз доштанд Сарвари давлат. — Яъне ҳар фарди бонангу номуси Ватанро зарур аст, ки бо дарки амиқи қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ ва бо заҳмати софдилонаву саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиамон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибихтиёрамон ва парафшонии ҷовидонаи парчами миллӣ саъю талош намояд».

Пешвои миллат дар идома зикр карданд, ки қадру қимати Ватани азизи худ – Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.

Тазаккур дода шуд, ки дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз, ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ вуҷуд доранд, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳал менамоем.

«Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки мо бояд Ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосоро баробари ҷони худ дӯст дорем, зеро ҳар ваҷаб замини муқаддасу зархез ва чашмасору обшорони мусаффои он манбаи ризқу рӯзӣ ва хайру баракати хонадони мо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи он пушту паноҳ ва мояи сарбаландии мо ва номи неки ин Ватан рамзи сарфарозӣ ва рӯйи сурхи мо мебошад, — изҳор доштанд Сарвари давлат. — Мо — фарзандони Тоҷикистон ҳама якҷо бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонем ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардорем».

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола 9 сентябр дар саросари Тоҷикистон бо баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE