Иштироки ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни собиқадорон дар Лаҳистон

Аз 08-ум то 11-уми сентябр дар кишвари Лаҳистон  мусобиқаи “Krakow World Championships Veterans 2022” оид ба ҷудо    баргузор мегардад.

Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон  дар шаҳри Кракови Лаҳистон  варзишгарон аз  ҳамаи 6 қитъаи олам иштирок мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа 890  ҷудокор аз 59  кишвар аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон (795 нафар иштирокчӣ)   ва 7 вазн миёни бонувон (95 нафар иштирокчӣ)  ширкат варзанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  11 нафар  – Қутбиддин Баҳодуров (-60 кг), Карим Диловаршоев (-60 кг) , Соҳибназар Ҳақназаров (-73 кг), Абдулфайз Солиҳов (-73 кг),  Ҷонибек Маҳмудзода (-81 кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81 кг), Қамари Оятулло (-90 кг), Вали Суотонзода (-90 кг), Собир Шарифов (-100 кг), Фаридун Устопиров (-100 кг) ва Неъматулло Асранкулов (+100 кг) зери роҳнамоии мураббӣ Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ мекунанд.

Манбаъ: https://varzishtv.tj/tj/news/ishtiroki-udokoroni-to-ik-dar-a-ramonii-a-on-miyeni-sobi-adoron-dar-la-iston-/

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE