Иштирок дар нишасти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳошияи иҷлоси МУ СММ

22 сентябри соли 2022 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазир зимни суханронии худ оид ба масъалаҳои мубрами кишварҳои исломӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва вазъи кунунии Афғонистон ишора кард.

“Кишварҳои Созмон аз захираҳои инсонӣ ва табиӣ, инчунин аз имкониятҳои бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ бой буда, истифодаи самараноки он метавонад барои рушди вазъи иқтисодӣ ва шукуфоӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният дар паҳнои созмон хизмат кунад.”, – ёдрас шуд С.Муҳриддин.

Манбаъ: https://mfa.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE