Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд
Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби раиси иҷроияи Комиссияи Аврупо оид ба тиҷорат ва иқтисод Валдис Домбровски баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар оғоз аз рушди равобит ёдовар шуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Зимни мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, иқтисодиёт, рақамикунонӣ, энергетика ва гузариш ба иқтисоди “сабз” дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.