8 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки 23-25 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, 8 медал – 3 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст оварданд.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 9 давлат иштирок карданд. Аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук иборат аз 15 нафар, бо роҳбарии сармураббӣ Ғайрат Неъматов, ба Самарқанд сафарбар гардиданд.
Дар дав ба масофаи 200 метр миёни мардҳо се ҷои ифтихориро варзишгарони мо сазовор шуданд. Фаворис Музрапов бо натиҷаи 21.75 сония ҷои аввал, Илдар Аҳмадиев бо натиҷаи 21.97 сония ҷои дуюм ва Александр Пронженко бо натиҷаи 22.17 сония ҷои сеюмро гирифтанд.
Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.73 метр ва тими мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.50 медали тилло ба даст оварданд.
Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 110 метр бо монеа бо натиҷаи 15.29 медали нуқра, тими мардонаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр бо натиҷаи 3:20.42, инчунин Зуҳуршоҳи Наҷмиддин дар дав ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 9:44.32 медали биринҷӣ ба даст оварданд.