ҶОМИ ОСИЁ-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ: ИМРӮЗ ТОҶИКИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Дар доираи қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар Кувайт имрӯз, 29-уми сентябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешаванд.

Дар даври дуввум дар чаҳоргонаи «В» мунтахаби Тоҷикистон, ки дар оғози Ҷоми Осиё-2022 бар Баҳрайн (4:3) пирӯз шуд, бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаи телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Ба футзалбозони тоҷик барор хоҳонем!

? Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал
⚽️ Гурӯҳи «В». Даври 2
? 29 сентябр (панҷшанбе)
⏰ Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
?? ТОҶИКИСТОН – ?? Ӯзбекистон
? Кувайт, Маҷмааи варзишии «Саъд ал Абдулло»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE