Тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба кишвари Тайланд сафар кард

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) зери роҳбарии Юсуф Рабиев рӯзи 5-март барои ширкат дар даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» ба шаҳри Бурирами Тайланд сафар кард.

Ба ҳайати мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) 21-бозингар – аз ҷумла 3-дарвозабон, 6-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 3-ҳамлагар номнавис гардидаанд.

Мунтахаби бонувони ҷавони кишвар дар даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин (8-март), Тайланд (10-март) ва Ӯзбекистон (12-март) рақобат мекунад.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни тимҳои бонувони (U-20):

Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

Рӯзи 8-март (чоршанбе)

Тайбейи Чин – Тоҷикистон

Тайланд – Ӯзбекистон

Даври 2-юм

Рӯзи 10-март (ҷумъа)

Тоҷикистон – Тайланд

Ӯзбекистон – Тайбейи Чин

Даври 3-юм

Рӯзи 12-март (якшанбе)

Тоҷикистон – Ӯзбекистон

Тайланд – Тайбейи Чин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE