Дар шаҳри Душанбе Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур  ҷавонони соли таваллуди 1995-2004-и ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.

Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардид.

Зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати  фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE