Эътирозҳо дар Эрон 83 кушта барҷой гузошт
Рӯзи панҷшанбе эътирозҳо дар чанд шаҳри Эрон аз нав сар заданд, ки тибқи иттилои Reuters дар пайи он 83 нафар ҳалок шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин тазоҳуроти эътирозӣ дар Эрон аз соли 2019 инҷониб бузургтарин иқдоми эътирозӣ маҳсуб мешавад.
Эътирозҳо дар пайи хабари марги духтари 22-сола, ки аз сӯи полис боздошт гардида буд, ба миён омаданд. Маҳсо Аминӣ аз шаҳри Сакез дар ин моҳ дар Теҳрон барои «либоси номуносиб» доштанаш боздошт гардид.
Ҳангоми суҳбат бо зани милиса духтар дучори сактаи қалбӣ шуд. Наворҳои назоратӣ дар Интернет паҳн шуда, мавҷи эътирозҳоро ба бор оварданд.