Тоҷикистон ва Чехия масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд

4 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Душанбе Ватслав Йилекро ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чехия ва шарокат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE