БАРҚИЯИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро дар робита ба ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Ба Шумо ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Шумо хос аст. Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям.

Хизматҳои муҳими Шумо дар таъмиқи муназзами муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия қобили баҳои баланданд. Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Россияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем.

Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба шумо, Владимир Владимировичи азиз, саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Россияи дӯст, ба мардуми он  — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намоям».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE