Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ иштирок намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҳимояи гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар иҷлосияи 72-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар ҳамоиш инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии омор, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур ширкат намуданд.
Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон намояндагони Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баимзорасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва қабули Қонун «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»-ро бо қаноатмандӣ пазироӣ карданд.
Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавобҳои дахлдор ва омори дақиқ манзур гардида, вобаста ба пешрафту навгониҳо ва ислоҳоте, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд.