Дар Тошканд рӯзи дуюми қувваозмоиҳои Чемпионати ҷаҳони ҷудо идома дорад

Дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тошканд паҳлавонон дар ду вазн -57 кг бонувон ва -73 кг мардон рақобатҳоро оғоз карданд.

Тоҷикистонро дар вазни -73 кг Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Беҳрӯз Хоҷазода намояндагӣ карданд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал аз варзишгари Шветсария Нилс Стампи мағлуб шуд ва аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд. Сарахонов дар раванди рақобат аз ҷониби довар бо 3 шидо барои камфаъолӣ танбеҳ гирифт ва ҳамин боис гардид, ки ғалаба насиби Нилс Спамп гардад.

Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал намояндаи Фаронса Аксус Бенҷаминро мағлуб карда, ба даври дигар роҳ ёфт. Дар ин давр Беҳрӯз Хоҷазода аз варзишгар аз Молодва Виктор Стерпу мағлуб шуд ва аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд.

7 октябр дар вазни то 66 кг Тоҷикистонро Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ кард. Ӯ дар даври аввавл озод буд, дар даври 2-юм варзишгари кубагӣ Орландо Поланкоро мағлуб кард. Дар даври баъдӣ варзишгари мо бо 3 шидо аз чемпиони секарата Ҳифумӣ Абеи ҷопонӣ мағлуб шуд.

Ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавони шинохта: Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода ҳамроҳ бо Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев бо Сомон Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг намояндагӣ доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE