ДАР ҲИСОР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 (U-15) БАЙНИ ДАСТАҲОИ ДУХТАРОНАИ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Аз 21 то 25 октябр дар Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа дастаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд. Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE