Соли 2022 дар Тоҷикистон 44 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
Бо мақсади оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонии аҳолӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 иншооти нави варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд, иттилоъ дод Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода 29 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
«Аз ҷумла, 28 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ бо харҷи 86 миллиону 56 ҳазору 884 сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз ин 9 миллиону 438 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 76 миллиону 618 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад»,- гуфт ӯ.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамеша баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имконияти мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон талош меварзад.
Зикр шуд, ки давоми шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 620 мусобиқаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ бо фарогирии 1 миллиону 979 ҳазору 250 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ аз баргузор карда шуд.