Пешвои миллат бинои Кумитаи идораи замин дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ифтитоҳ намуданд

23.10.2022 08:29, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои Кумитаи идораи заминро ифтитоҳ намуда, бо шароити кории он шинос шуданд.

Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебо ва замонавӣ бунёд гардида, аз 2 ошёна, 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2021 оғоз гардида, дар он 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Аз руи тарҳ дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони идораи замин ва мутахассисони корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул бунёд гардидааст ва ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва лавозимоти зарурии корӣ таъмин мебошанд.

Қаблан кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сабаби набудани бинои алоҳидаи корӣ фаъолиятро дар иншооти куҳна идома медоданд. Акунан бо анҷоми тадбирҳои ободонӣ мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо намуд ва шароити хуби корӣ барои мутахассисон муҳайё карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардидаи иншооти навтаъсис ва таъмини дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ дар он ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандони соҳаро барои анҷоми хизматрасониҳои босифату сатҳи баланд вазифадор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE