ФАВРӢ: ДАР БОЗОРИ «СУЛТОНИ КАБИР» СӮХТОР БА АМАЛ ОМАД
Cубҳи имрӯз дар бозори «Султони Кабир» сӯхтор ба амал омад. Сабаб ва зарари сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад. То ҳол дар ин бора аз манобеи расмӣ иттилое пешниҳоди ВАО нашудааст.
Як манбаи мустақили мо аз ин бозор дар суҳбат гуфт, миқёси фарогирии оташ хурд буда, зарари он чандон вазнин нест. “Чанд дӯкони майда- чӯйда сӯхтааст. Хушбахона, оташ то макони масолеҳи сохтмонӣ нарасида аз тарафи корманони хадамоти оташнишонӣ хомӯш карда шуд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ифшо шавад.
Ба гуфтаи соҳибкорон, сӯхтор дар қисмати дохилӣ ва ҷойи фурӯши чархҳои мошинҳо сурат гирифта, шоҳидон мегӯянд он давоми ду соат идома кардааст. Сабабҳои сӯхтор ҳанӯз маълум нестанд.
Давоми 3 соли ахир ин бори дуюм аст, ки дар ин бозори калони пойтахт сӯхтор сар мезанад. Моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
“Султони Кабир” яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.
Аз идора: Хабар такмил меёбад ва дар ин бора бо расидани иттилои бештар муфассал хабар медиҳем.