Барқияи табрикии Пешвои миллат ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
23.10.2022 17:10, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин
Самимонатарин табрикоти ин ҷонибро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин бипазиред.
Дубора интихоб гардидани Шумо ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ обрӯву эътибори баланди Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани шоҳроҳе, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаатон ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар минбаъда, инчунин ба таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.
Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид.
Бо истифода аз фурсат, изҳори боварӣ менамоям, ки мо бо талошҳои муштарак дар оянда низ ба тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, онҳоро бар манфиатҳои мардумонамон бо иқдомҳои нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳем гардонид.
Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Котиби генералӣ, сидқан саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиатон дастовардҳои навин, ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоям».