Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Аз 23 то 30 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима гардиданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон барпо мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE